БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нерӯгоҳи барқии обии роғун ҷабҳаи созандагист!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо ишироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Н.Сабурзода, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон ва ва 7 нафар аъзои ташкилоти ибтидоии болозикр баргузор гардид.

Зимнан Сабурзода Насим вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал баромад намуда, қайд намуд, ки НОБ-и Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гирифта, нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгиру мададгор нагардида бошад.

Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи бо арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино карда истодаанд.  

Хулоса, ин иншооти азими аср ҳамчун нерӯгоҳи барқӣ - обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат, дӯстиву  бародарӣ ва хамбастагиро ато фармудааст. Бо оғози чархаи аввали ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, баробари ба анчом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоду сарҷамъии бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авч сар кашидааст. Дар фарҷом Сабурзода Насим иброз намуданд, ки воқеан ҳам ҳар як шаҳрванди ватандустро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасад. Фикри имрӯзу ояндаи худ ва фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо ҳиси баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg