
ЁВОН. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни наврасону ҷавонони варзишгар, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна равияҳои бегона, тарғиби арзишҳои миллӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, тарғиби рушди варзиш ва тарзи ҳаёти солим, дар мактаби бачагонаи варзишии ноҳия вохӯрии и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Солиҳов Маҳмадрасул бо варзишгарони наврас доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Солиҳов Маҳмадрасул дар бобати самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, изҳори нигаронӣ намуда, нарасону ҷавононро барои расидан ба қадри сулҳу субот, хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро ҳидоят намуд.