БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙМОНИ БАДКЕШОН. Ё чи гуна наҳзатиён худро “дилсӯз”-и Бадахшон нишон медиҳанд?!

ВОКУНИШ. Мегӯянд, ки заҳри одамиро одам мебардорад. Вале матолиби дар сайти пурфитнаи наҳзатиён вобаста ба авзои сиёсии Бадахшон интишоршуда бозгӯи он аст, ки дастандаркорони ин «паймон» дар либоси дӯст ва ғаразҳои сиёсӣ мехоҳанд бо ҳар роҳу восита мардуми ин минтақаи Тоҷикистонро ба гирдоби балоҳои солҳои 90-уми асри пор баранд. Яъне заҳри ҷонкоҳи худро мехоҳанд ба бадани миллат ворид карда, кишварро дубора мисли солҳои навадум фалаҷ созанд.

Ба ибораи дигар чун диданд, ки рӯи рост мардуми Бадахшон даъвати оммавии онҳоро барои ноором кардани вазъ қабул надоштанд, роҳи дигарро пешаи худ карданд. Яъне, бо роҳи хушомадгӯӣ худро ватандӯсту  мардумсолор нишон дода, мехоҳанд ҳадафҳои ҳангомасозу разилонаашонро дар Бадахшон пиёда созанд.

Ҳатто ин хоинон руйдодҳои солҳои 90-умро бо мавқеъгирии хоси сиёсӣ истифода бурдан хоста, ба ақидаи онҳо «хомӯш ва бетараф истодан»-ро дар баробари рӯйдодҳо ва тадбирандешии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «хиёнат» арзёбӣ менамоянд.

Нодида гирифтани ҳуқуқу манфиатҳои кулли мардуми осоиштаи Бадахшон  ба хотири 5-6 дузду авбоши мисоли худашон бозгӯи хиёнаткорию манфиатҷӯии ин тоифа фарзандони фурӯхташудаи миллатанд.

Аз мутолиаи маводи сар то по ғаразнок як ақидаи носолиму муғризонаро  нодида гирифтан ҳеҷ имкон надорад. Зеро ин хоинон бо истифодаи  ибораҳои «ветеранҳои ҷанги шаҳрвандӣ»-ю «фронти халқӣ» таваҷҷуҳи хонандаро ба қисматҳо ҷудосозии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон равона сохта, бо роҳи тафриқаандозӣ дар ҷомеа мардуми Хатлону Бадахшон, Рашту Суғдро ба ҳам шӯр андоҳтан мехоҳанд.

Онҳо дар ин баёния ҷор мезананд, ки дар сурати густариши тадобири амниятӣ дар Бадахшон роҳпаймоиҳоро дар калонтарин  шаҳрҳои Аврупо роҳандозӣ менамоянд. Вале, як  чизро нодида мегиранд, ки ба 10-15 нафар аъзои Паймони Миллии Тоҷикистон наметавонанд миллат сохт. Мазмуни миллат шумораи 10-15 нафар шаҳрванди асолатбохта нест.

Нодида гирифтани талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди волоияти қонун дар Бадахшон ва бо роҳи осоишта ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар ин ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон бори дигар баёнгари аъмоли манфуронаи ин «паймон» боқӣ мемонад.

Суханронии иҷрокунандаи раиси вилояти Бадахшон Файз Ёдгор ва дигар масъулини сохторҳои давлатӣ, инчунин шаҳрвандони бумии ин минтақа ба мафкураи пучу бефаҳми  аҳли «паймон» таъсиргузор нест. Талошҳои мардуми ин гушаи дурдасти Ватан ва ба таври ихтиёрӣ супоридани яроқу лавозимоти ҷангиро нодида гирифтани аҳлӣ «паймон» баёнгари манфиатҳои ғаразноки онҳо буду  мемонад. Ба қавле, аҳли «паймон»  кури худию  бинои дигарон ҳастанду мемонанд.

Умуман вокунишу баёнияи Шумо хоинон дар ҷомеаи мардумсолории Тоҷикистон дигар мақому мартаба надорад. Зеро мардуми Тоҷикистон аллакай роҳи худро интихоб кардаанд. Роҳи рушду  инкишофи  ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бо меҳнати аҳлона ва бе мавҷудияти ягон «паймон».

Исломшо Шоев – узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg