БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хоинони миллат оромиву суботро дигар ҳеҷ гоҳ халалдор карда наметавонанд

ВОКУНИШ. Мусаллам аст, ки дар баргузории ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳайати комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ҷиноятҳо ва хиёнаткориҳои ҳизби наҳзати исломро бо далелҳои раднашаванда, бо иштироки худи собиқ мухолифони пушаймоншуда, аз қабили Айёмиддин Сатторов ба самъи иштирокчиёни ҷаласа расониданд. То ҷое маълум аст, чун кори ҷаласа ба табъи дили хоинону ватанфурӯшони ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» оғоз наёфт, муносибатро бо лаҳни тунду тавтеа (провокатсия) бо ҳайати ҳукуматӣ оғоз карданд.

Ҳатто, асолатбохтае бо номи Сулаймон бо роҳи тавтеа мехост шиори ба табъи дилаш навиштаро ба Айёмиддин Сатторов дода, бо роҳи аккосӣ барои ғаразҳои сиёсии хоинонааш истифода менамуд, вале хушбахтона ба мақсадаш нарасид ва аз ҷониби як ҷавони ватандӯст мушти обдоре ҳам хурд, ки хеле сабақи хуб буд барои кулли наҳзатиёни хоин. Барои пиёда сохтани амалҳои хоинона ва дар назди хоҷагони хориҷӣ худро ҳаллиму фидоӣ нишон додан бубинед, ки ин хоинон ба чи корҳое қодиранд. Зери пӯшиши мақоми паноҳандагӣ гирифтан дар Аврупо бо ҷалби 3-4 муҳоҷири меҳнатӣ хоинони миллат бо чӣ корҳое даст намезананд! Ҳатто дар гейпарадҳо иштирок карда либосҳои занона мепушанд, то ба ин беномусон мақоми паноҳандагӣ дода шавад. Чун паноҳандагӣ гирифтанд, куртаву эзори занакиро ба ришу салла иваз карда мулло мешаванд. 

Таъсиси бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» низ барои ин асолатбохтагон ҷалби бештари гумроҳонро дар пай дошта, мехоҳанд бобати амали сохтани ақидаҳои манфуронаашон дар дохил ва хориҷи кишвар афроди муайянеро ба тарафи худ майл созанд. Вале, ба ибораи дигар «бо дӯои курмуш борон намеборад». Ҳама медонанд, ки 5-10 хоину ватанфурӯш на паймон доранду на миллату давлат. Ҳадаф фақат сӯзонидани хонаи тоҷику пур кардани ҷайбҳояшон аз маблағҳои ҳангуфт шиори ҳамешагии ин асолатбохтагон боқӣ мемонад. Онҳо бо ҳамовозӣ аз озодии 10-20 хоини ҳаммонанди худашон, ки дар зиндонҳо бо ҷурми ҷиноятҳои мухталиф ба сар мебаранд, рисолати сиёсии худро иҷрошуда ҳисобида, рӯй гардонидан тарафи хоҷагони хориҷӣ бо ҳамёни гадоӣ оромиш ва осудагии аҳолии нӯҳмиллионнафараи Тоҷикистонро сарфи назар месозанд.

Ҳавою ҳавас, думболагирӣ аз зиндагии арзанда дар хориҷи кишвар, санги маломат задан сари миллату давлат ин роҳи ҳалли масъала ва камоли мардӣ нест. Ватанро бо шиорпардозиҳо, тафриқаю ҷудоиандозӣ наметавон сохт. Мутмаинем, ки мардуми Тоҷикистон ҳамчун ворисони аслии ин марзу бум ба қадри хоку замини аҷдодӣ мерасанд ва ҳеҷ қуввае наметавонад, ки садди роҳи якдилии халқи Тоҷикистон бошад. Зеро нерӯи мо дар ваҳдати мост.

Аловуддин Абдуллоев – узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони   халқи шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg