БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сайёҳӣ соҳаи муҳимму афзалиятнок ва манбаи ҷойи кору даромад барои шаҳрвандон аст

Ш.ШОҲИН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Шоҳони поёни ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робитабо маҳал, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Инчунин, дар вохӯрӣ Назарзода Толибҷон раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иштирок  дошта, дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш, 22 декабри соли 2017,  Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Пешниҳоди Роҳбари давлат аз ҷониби шаҳрвандон хуб пазируфта шуда, имрӯзҳо ҳунармандон, аз ҷумла занону бонувони  тоҷик дар арсаи ҳунару ҳунармандӣ бо шуғлҳои гуногун фаро гирифта шудаанд, ки ин боиси коҳиш ёфтани шиддати бекорӣ ва баланд  бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар якиморо лозим аст,  иқдомҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода,  барои боз ҳам рушд додани ҳунарҳои мардумӣ  ва ободу пешрафта гардидани Тоҷикистон азизамон саҳми муносиби худро гузоранд. 

 

    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg