БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон ҳунарҳои миллиро меомӯзанд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо сокинони маҳал  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал  вохӯрӣ доир гардид.  Зимнан масъулин  ҷамъомадагонро бо фарорасии санаи муҳими таърихӣ 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбику шодбош гуфтанд.

Дар  идома  масъулин дар бораи самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, мардумро барои бо дастовардҳои назаррас  истиқбол гирифтани ҷашнҳои дарпешистода ва ҷамъбасти босамари  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даъват карданд.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ иштирокдорон аз намоишгоҳи  ҳунарҳои мардумӣ, алалхусус  хонаҳои занбӯриасал ба намоишгоҳ гузошта шуда буд, диққати бинандагонро ҷалб намуда, масъулин барои боз ҳам рушд додани соҳаи  асалпарварӣ, истеҳсоли  асалҳои хуштаъму табобатӣ  маслиҳатҳои судманд доданд.                                             

                                           

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg