БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли тақвияти робита бо маҳал сафи аъзои ҲХДТ-ро зиёд намуд

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии навбатии  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ғаффорзода Давлатҷон бо  кормандони  масъули  Кумитаи иҷроия бо сокинони деҳаи Тагноби ҷамоати деҳоти Даштигуло баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба  эълон гаштани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  моҳияту таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи  қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои расидан ба қадри хизматҳои беназири  Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар рушду тараққиёти Ватан ва сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон раҳнамоӣ намуд.  

Давлатҷон Ғаффорзода дар фарҷоми вохӯрӣ  ба ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Тагноб”  барои пешрафти  фаъолияти ҳизбӣ  Дастурамали ҳуҷатнигорӣ ва пешбурди фаъолияти молиявии сохторҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро супорид.

Дар охир сокинон барои пайвастанба сафи ҲХДТ бо хоҳиши худ ба унвонии  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  ариза пешниҳод  карда буданд,  аз ҷонибимасъулин бо хушнудӣ пазируфта шуда, онҳо ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg