БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ тақозои замон аст!

ҶАЙҲУН. Вобаста ба нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Зарнисор» перомуни масъалаи «Пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва 9 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр чорабинии таблиғотии ҳизбӣ доир карда шуд.

Дар рафти чорабини Сабурзода Насим вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, қайд намуд, ки шароити муосир масъалаи шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ техналогияи навин ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз табдил ёфтааст. Гарчанде манфиати интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби он моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки он бошем.

Қобил ба ёдоварист, ки дар кишвари мо аз оғози асри нав интернет рушд намуда, ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон марҳила ба марҳила ташаккул ёфта ва бозори хизматрасониҳои интернетиро ҳамчун манбаи сердаромад ҳадаф қарор додаанд.

Аз рӯи таҳлили маълумотҳо имрӯзҳо масъалаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ техналогияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз мубадал гаштааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон намудани алоқаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву авомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст. Бояд гуфт, бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин ва каҳон ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид ва имкониятҳои васеъи онро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд қайд намуд масъули кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар баромадаш.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg