БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафарбар намудани сокинон ба хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи нақшаи кории  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи Носири Хусрав дар  маҳаллаи Бешкаппа  2-и ҷамоати деҳоти  Наврӯз  бо мақсади амалигардонии Соли тақвияти робита бо маҳал, татбиқи Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ инчунин баланд бардоштани ҳисси худшинносии миллӣ, бартараф намудани ҳисси бегонапарастӣ, ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, паст  намудани сатҳи бекорӣ вохӯрӣ баргузор гардид. 

Вохӯриро раиси    Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имрӯз сокинони маҳаллаи Бешкаппа -2 бо  як масъулияти  баланд  ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати амалӣ намудани  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ва сазовор истиқбол намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо  як  ҳисси ватандорӣ, баланд  бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, бо тайёрии мукаммалу ҷолиб чорабинии фарҳангӣ баргузор намуданд. 

Инчунин, мавсуф    оид ба  пешгирии  шомилшавии  ҷавонон  ба ҳизбу  ҳаракатҳои  мамнуъ,  амалу кирдорҳои   номатлуби аъзои ТЭТ ҲНИ  ва   гурӯҳҳои   ҷиноятпешаи хоинони  давлату  миллат дар  хориҷи  кишвар  фаъолиятдошта,  сари  вақт  пешниҳод кардани вокунишҳо ба  иғвоҳою дасисаҳои  онҳо,  тайёр  намудану   сафарбар кардани   ҷавонон  барои  хизмат  дар  сафи  Артиш миллӣ, сухан ронда,  қайд  намуд, ки  ҳар яки моро зарур  аст, ки дар  амалӣ   намудани  ҳадафҳои  неку  созанда, ки  аз  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ муҳтарам Раҳмон  бармеоянд, сарҷаъм  бошем ва бо  кору  амали  созандаи  худ  сазовор  ба  зиндагии  шоиста  гардем.

Баъдан вакили Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия   Раҳимқулов  Бахтиёр  дар  вохӯрӣ  иштирок  намуда,   сокинонро  даъват  намуд, ки корҳои  ободониро  дар  маҳҳала   ба  роҳ  монда,  бахусус  аз  ҷавонон даъват  ба  амал  овард, ки ҷиҳати  аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзи ҳар порча хоки Ватан,  расидан ба қадри соҳибистиқлолӣ ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба сиёсати ҷавонон саҳми  арзандаи хешро гузоранд.

Инчунин, қайд гардид, ки фаъолияти ҳизб дар самти сафарбар кардани сокинон ба хоҷагидорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg