БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ташаккулдиҳандаи мафкураи солим дар ҷомеа

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии навбатии  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷтикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар бораи риояи қонунҳои миллӣ, моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард, ҷамъомадагонро бо фарорасии  ҷашнҳои пурифтихори миллат муборакбод намуд. Баъдан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи сафарбар кардани сокинон ба сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ  ҳарф зада, қайд намуд, ки истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути васеъи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg