БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо сокинон хоинони миллатро ҳаргиз намебахшем!!!

ВОКУНИШ. Инсоният бояд, ки аз овони наврасӣ то  охири умр илм омӯзад ва бо илми андӯхтааш меҳнат кунаду илмро ба дигарон низ омӯзонад. Шариати Ислом низ инро тарбият мекунад.

Аммо имрӯзҳо дар ҷомеаа баъзе тоифаҳое ҳастанд, ки дар  ниҳодашон хизматҳои аҳримананона ниҳон асту барои кайфияту  маишати худ ва ҷамъоваврии сармоя хавфу хатар, ҷангу хунрезӣ, нолаи  ҷонкоҳи модарон, азобу шиканҷаи кӯдакон барои  онҳо эътиборе  надорад ва баръакс. Ин манзараҳо барри баъзе ин аҳримансириштон мароқангез аст.

Ҷаласае, ки дар Варшава доир гардид ва дар он роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ кӯшиши таъсиси паймони  миллии Тоҷикистон (ИНОТ-2)-ро кард яке аз найрангҳои сиёсии ӯ буда, Тоҷикистонро аз сари нав ба гирдоби хунин табдил додан аст. Вале дар кишвари мо дигарбора  ба иғвоҳои маккоронаи Кабирӣ касе бовар намекунанд  ва аз думболи онҳо намеравад.

Мухолифи Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон бо  пуштибонии аз ин созмонҳо нуфузи худро баланд бардоштаанд.  Фикри шахсии ман дар он аст, ки баъзе  аз ин ашхоси ватанбезор солиёни зиёд дар Ватан ва чанд соли дигар дар хориҷ ба тайёрхӯриву муфтхӯрӣ одат кардаанд, ин намуд тайёрхӯрон беномусиро ба худ касб намудаанд.  Мақсади асосии ин афрод дар хориҷӣ кишвар дарёфти нону макони  зисти бемеҳнат мебошад. Барои онҳо фарқ надорад, ки бо кадом роҳ он маблағи муфт ба дасташон меояд.

Онҳо хуб медонанд, ки дар Тоҷикистон пайравонашон кайҳо аз  онҳо дил канда, ба ҳаёту зиндагии осоишта машғул шудаанд, дигар ба  тавсияҳо- амри маъруфи онҳо  ниёз  надоранд.

Созмоне, ки чунин мухолифонро дастгирӣ менамоянд, аз тарафи  давлатҳое сарпарастӣ мегарданд, ки бо бозиҳои геопалитикӣ даст доранд ва барои доир намудани чунин ҷаласаҳо мусоидат менамоянд. Чунин ҷаласаҳо драмаҳои таблиғотиро мемонад, ки таваҷҷуҳи мардумро ҷалб менамояд.

Ман ҳамчун як фарди кишвар аз мардуми тоҷикзабонони дунё даъват ба амал меорам, ки ба чунин «ҳунарнамоии ҳунарпешагони саҳнаҳои гумроҳкунандаи  пур аз фитна» эътибор надиҳад, зеро дар Тоҷикистон  кулли мардум ба онҳо дигар бовар намекунанд. Мардуми Тоҷикистон  роҳи созандагиву бунёдкориро интихоб намуда, бо ин шиор ба пеш қадам мегузорад.

 

Ёрмаҳмадов Аҳмад-узви Гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg