БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади тарғиби урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ дар деҳаи Гузариболои ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳия чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин   иштирок намуда, аз дастовардҳои ҳунармандони деҳаи Гузариболо дидан намуд, ки дар чорабинӣ ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

Дар рафти чорабинӣ Абдуллоев Ваҳобиддин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои сайёҳӣ сухан намуда, зикр кард, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки “Сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад”.

Ҳамин тавр дар заминаи таҳлили имкониятҳои мавҷуда ва баёни таклифҳо иброз доштанд, ки “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаҳои сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад”.

Инчунин, дар идома мавсуф   нисбати ҳодисаҳои нангине, ки санаи 29 июли соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ТЭТ ҲНИ содир карда шуд, сухан намуда, ба иштирокчиён фаҳмонид, ки ин амали гурӯҳе мебошад, ки фирефтаи хоҷагони зархарид гардида,  бо ғаразҳои нопоки худ  мехоҳанд Тоҷикистони ободу хуррамро ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

Дар охири вохӯрӣ аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо меҳнати ҳалол дар ободонии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

        

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg