БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия бояд кард!

КӮЛОБ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ ва ТҶҶ “Созанагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 мулоқот бо хонандагони синфҳои болоӣ  баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия, ҳамзамон роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созанагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Аз ҷониби Мунаввараи Бозоралӣ дар мулоқот қайд  гардид, ки ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо хонандагони синфҳои болоӣ дар мактабҳо барои наврасон хеле муфид буда, дар замири онҳо ҷой кардани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва бедор сохтани ҳуввияти миллӣ хеле созгор мебошад. Ва ба ин восита наврасон метавонанд, шахсиятҳои барӯманд ва барои ҷомеа фоидаовар ба камол расанд.

Дар ин росто волидайн, омӯзгорон ва фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дар оянда мавқеъи дурустро пайдо кардан дар ҷомеа мусоидат намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg