БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон кишвари зебо ва сайёҳист!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Агроинвестбонк” хониши сисёӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи  Марказии ҲХДТ аз 16 феврали соли 2018 бармеояд, ҳарф зада, зикр намуд,  ки  ҲХДТ ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин самт салоҳият ва мартабаи баланд дорад.

Инчунин мавсуф дар идома доир ба  ҳодисаи нангине , ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқўъ пайваст, яъне  ҷавононе, ки ба гурўҳи сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуда, боиси марги 4 нафари онҳо гардиданд, сухан намуда, ба иштирокчиён фаҳмонид, ки ин амали гурўҳи террористоне мебошанд, ки фирефтаи хоҷагони зархарид гардида, мехостанд Тоҷикистони ободу хуррамро ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд. Ин ҷавонон фикр накардаанд, ки натанҳо осоиштагии аҳолии минтақаро, балки  ҳаёти худ ва наздиконашонро зери хатар гузошта,  умри ҷавони худро барбод додаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg