БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар байни сокинон

ЁВОН. Дар деҳаи Оли Сомони ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки ҷавонон ва фаъолони деҳаи мазкур бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул дар бобати ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурўҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чор нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар бистарӣ гардиданд, изҳори нигаронӣ намуда, мардумро барои муттаҳид будан инчунин тарбияи дурӯсти наврасону ҷавонон, расидан ба қадри сулҳу субот,  хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарбияи  ҳарбӣ-ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ, вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебунёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризму экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнўъи  ТЭТ  ҲНИТ, Гурӯҳи  24,ва ғайра ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg