БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободиву шукуфоии Ватан мароми мост!

ДАНҒАРА. Бо мақсади иҷрои сифатнок ва саривақтии нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Муассисаи коммуналии ҷамоати деҳоти Себистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ормони чандинасраи миллат, татбиқи сифатноки сиёсати давлатии соҳавӣ, асри навин ва пешрафти илму техника, татбиқи технологияҳои навтарин, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои он дар раванди ҷаҳонишавӣ, риояи қонунҳои миллӣ ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда шуд. Ҳамзамон ба як қатор аъзои навинтихобгардида билетҳлои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ  тақдим карда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg