БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хӯшаҳои тиллоӣ мерӯяд аз хоки пургуҳарам…

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Ёшленини ҷамоати деҳоти Халевард бо сокинон атрофии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода Анзурат ва корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизриддин иштирок дошта, дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ масъулин аз намоиши ҳунарҳом мардумӣ, ки занону бонувони хушзавқи маҳалла бо маҳорати хуби пазандагиву қанноди пешкаши ҳамагон намуда буданд, дидан карда, онҳоро барои иштирок дар озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Кадбонуи беҳтарин» даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg