БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистони орому осуда барои чор наҳзатии лаънатӣ лозим набошад, барои 9 миллион тоҷикистониён лозим аст

ВОКУНИШ. Наҳзатиёни хиёнаткор, ки миёни бародарони тоҷику дигар халқу миллатҳои муқими Тоҷикистон низоъу ҷанги шаҳрвандиро ба амал оварданд, боз кӯшиши бадном намудани миллати тоҷикро дар хориҷи кишвар доранд. Номбаршудагон ва дигар ашхосе, ки онҳоро ҳамроҳӣ менамоянд, ҳуқуқи сухан аз номи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар ҳамоишҳои байналмилалиро надоранд. Он давлатҳое, ки Тоҷикистонро дар Созмонҳои байналмилалӣ пазируфтаанд, ба ин хиёнаткорон шароиту имконият барои бадном кардани давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик фароҳам насозанд ва нагузоранд, ки Сулҳу Ваҳдати мардуми Тоҷикистонро халалдор созанд. Минҷумла Олег Панфилов ва Темур Варқӣ, ки умуман на тоҷиканду на тоҷикистонӣ (хоҳишмандам миллатчигӣ нафаҳмед) ба манфиати миллати тоҷик ҳеҷ вақт чизе нахоҳанд навишт...

Маҳз бо шарофати чунин афроди ҷиноятпеша ва хиёнаткор шаҳрвандони Тоҷикистон ду даҳсола ба буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди кунди саноату технологияи муосир мувоҷеҳ гардид ва мардум ба қашоқию камбизоатӣ дучор шуданд. Агар “мухолифин”, яъне «опозитсия» дар ҳақиқатан бо роҳи демократию дигаргуниҳои мукаммал бо пешниҳодҳои мушаххас як Барномаи амали рушди Тоҷикистонро тарҳрезӣ мекарду барои пешрафти давлату халқи тоҷик ба Ҳукумати Тоҷикистону Маҷлиси Олӣ дархост менамуд, кор ранги дигар мегирифт, вале сад афсӯс, ки кори инҳо фақат бесуботиву фитнаангезист… Чӣ хеле, ки дар урфият мегӯянд: «Оби рехтаро ҷамъ намудан ғайриимкон аст», ё ин ки «Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст». Бояд ёдовар шуд, ки дар натиҷаи ҳамон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, бо кӯшишҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон ва бо ном Нерӯҳои оппозитсионии тоҷик ба Сулҳу Ваҳдат ноил гардидем, аз нав ба ободонию созандагӣ, сохтмони роҳҳои коммуникатсионӣ, бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, нерӯгоҳҳои обию барқӣ ва рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ оғоз намудаанд. Шумо хиёнаткорон дур аз Ватан-Тоҷикистони азизи мо рафта, чӣ санги маломат ба сари ҳаммеҳанон мезанед! Ақкалан фикри падару модарон, хоҳарону бародарон ва хешу ақрабои худ намекунед!

Он хоҷагоне, ки шуморо харидорӣ намудаанд, ҳеҷ гоҳ намехоҳанд байни халқиятҳо сулҳ ва оромиш бошад, чунки онҳо ғарази бад доранд ва дар фикри фуруши яроқу аслиҳа, аз худ кардани конҳои фоиданоки металҳои ранга ва ҷамъ овардани маблағҳои ҳангуфт мебошанд.

 

Иброҳимзода Абдукарим Саттор -  узви Гуруҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg