БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз иқдомҳои неку созандаи ҲХДТ сипосгузоранд

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Дӯстӣ»-и деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ашӯров Сунатулло, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Самадзода Саёҳат, мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия  Ҷамолиддини Маҳмадшариф бо сокинони деҳа ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ гузарониданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, беҳтар намудани шароити зисти сокинони деҳа,  дар якҷоягӣ ҳал намудани мушкилотҳое, ки дар маҳали зист  ҷой доранд, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мебошад.

Дар навбати худ, сокинони деҳа аз иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ супосгузор буда, иброз доштанд, ки дар корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор мешаванд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg