БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тасмими сокинон аст, ки дар доираи Аксияи ҳизбӣ роҳро мумфарш ва майдончаи варзишӣ месозанд

ХОВАЛИНГ. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо оид ба фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал   дар маҳаллаи Заргарони ҷамоати деҳоти Ховалинг бо иштироки  мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ш.Набиев вохӯрӣ гузаронида шуд.

Сокинони маҳалла ба масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, амалҳои коррупсионӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳои ҳалталабе, ки аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеоянд, таваҷҷуҳ зохир намуданд.

Сокинони маҳалла Қ.Довудов, Х.Ҳафизов, А.Ҳоҷиев ва чанде дигарон баъди баромади вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Г.Сафарова дар мавзӯъи «Фарҳанги миллӣ баёнгари давлату миллат аст»  сухан карда, роҳҳои пешгирӣ аз ин амалҳои номатлубу хавфнокро ҷӯё шуданд.

Аз баромади корманди Маркази ВИЧ/СПИД Момагул Мирзоева аҳли нишаст дар бораи ин беморӣ, роҳҳои гузариши он аз як шахс ба шахси дигар ва пешгирии он маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Аҳли маҳалла дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар роҳи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ корҳои некеро ба анҷом расонидаанд. 

Дар доираи Аксияи  ҳизбӣ  сокинон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ корҳои муайяни созандагӣ ва бунёдкорӣ, аз ҷумла мумфарш намудани роҳи байни маҳалла ва майдончаи варзиширо ба уҳда гирифтанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg