БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-роҳнамову мададгори халқ аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Мичурини ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубон чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо бо сокинони маҳалла доир гардид.

Дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии дастранҷи мардуми маҳалла ба намоиш гузошта шуда буданд, ки бо меваҷоти хуштаъму тару тоза ба намоишгоҳ ҳусни дигар зам мекарданд.

Гузашта аз ин дар чорабинӣ бонувони ҳунарманди маҳалла чанд навъ хӯрокҳои миллиро омода намуданд, ки тавонистанд ҳунари катбонугии хеш дили касро фараҳ бахшанд.

Дар рафти вохӯрӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубон доир ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи нави ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар фарҷом занони ҳунарманди деҳа, ки ба дӯхтану бофтани матоъҳои миллии хоси мардуми тоҷик машғуланд, ваъда доданд, ки соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулотҳои дастранҷи истеҳсол намудаашонро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар намоянд ва ҳунарҳои мардумиро аз нав эҳё бо тарзу шаклҳои гуногун ба таври замонавӣ хоҳанд кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg