БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конститутсия бахтномаи миллат аст!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Даҳонпизишк” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Наҷидуллоев Тавакал иштирок намуданд.

Нахуст, Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, дар назди иштирокдорон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллт андешаронӣ карда, қайд намуд, ки дар таърихи давлатдории  тоҷикон  рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз ва аз ҷиҳати аҳамият беназиру хусусияти ҷаҳонӣ дошта,  хело зиёд мебошанд ва  ин арзишҳои миллӣ бо гузашти айём  бою ғанӣ ва омезишу густариш ёфта, арзиши муқаддасро ба худ касб менамоянд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз ҳамин рӯйдодҳои  арзишманд ва гиромӣ ба шумор рафта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии давлату миллати тоҷик  мавқеи махсусро ишғол мекунад. Воқеан, Конститутсия барои ҳамаи мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон чун рамзи истиқлолият дар пойдории давлатдории миллӣ ва таҳкими  амнияту суботи сиёсиву иҷтимоӣ аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад ва ин аст, ки Конститутсияро бахтномаи миллат ва санади тақдирсоз  низ меноманд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги миллати тоҷик буда, он заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷиконро гузошт, муҳимтар аз ҳама хавфи парокандагии давлат ва миллати тоҷикро бартараф карда,  ба поймолии қонунҳои амалкунандаю  бесарусомониҳои сиёсӣ хотима бахшид ва аз тарафи дигар  пеши роҳи фалаҷшавии  рукнҳои ҳокимияти давлатиро боздошт ва имконият фароҳам овард, ки истиқлолияти пурарзиши бадастомадаи тоҷикон қомати худро рост кунад. Бояд махсус қайд кардан лозим аст, ки дар таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело калон мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg