БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби озмунҳои ҳизби дар байни сокинони маҳал

Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳалла ва кўчаи Қаландаров ва Румии ҷамоати шаҳраки Балх вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Масъулин зимнан дар қисмати сиёсии вохӯрӣ оид ба сафари кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 15 сентябри соли 2018 ба ВМК Бадахшон ва сафари давлатиашон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, фарҳанги миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар идома қайд гардид, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ, “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал”, “Тарроҳи беҳтарин” эълон гардидааст, шахсони ҳунарманд метавонанд бо ҳунару маҳорати худ дар озмунҳои ҳизбӣ иштирок намоянд ва соҳиби туҳфаҳои арзишнок гарданд.

Фаъолони маҳалла ва кўча ташаббусҳои созандаи ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дониста, изҳори миннатдорӣ баён карданд ва иброз доштанд, ки мо сокинон ҳамеша хоҳони осоиштагӣ ва ободии Тоҷикистони азиз мебошем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg