БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар чашмаи зоянда аст, ки инсонро ба мақсуд мерасонад

ЁВОН.  Дар МТД «ЛКТСК» -и ноҳияи Ёвон бо ташаббуси намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштроки намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз шаҳри Душанбе ва ноҳияи Нуробод чорабинии фарҳангӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Солирушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Устодону шогирдони ҳунарманду чирадасти муассисаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои  қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.

Дар чорабинӣ устодону шогирдон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур меҳмони иззатманд суханронӣ намуда, ба донишомўзони даргоҳи маърифат комёбиҳо орзу карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg