БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанги истифодабарии қувваи барқ – омили расидан ба истиқлолияти энергетикӣ

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия дар Шабакаҳои барқии ноҳияи Данғара бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гарид.

Дар рафти чорабинӣ доир ба мавзўъҳои моҳияти амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ба кишвари содиркунандаи барқ табдил ёфтан, татбиқи сафатноки сиёсати давлатии соҳавӣ, тарғиби моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар доираи сиёсати “Дарҳои кушод”, риояи меъёрҳои қонунҳои миллӣ ва  дигар қонунҳои амалкунанда ва дигар мавзуҳо суханронӣ карда шуд.

Ҳамзамон, изҳор дошта шуд, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ барои пешрафти босуръати тамоми соҳаҳо дар мамлакат боис мегардад. Фарҳанги истифодабарии қувваи барқ аз ҷониби истифодабарандагон яке аз омилҳои дигари расидан ба ин ҳадафи ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад, ки дарки ин мафҳум ба ҳар як истифодабаранда метавонад таъсиргузор бошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg