БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бадахшон ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст

Бо мақсади омӯзиши фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон ва тақвият бахшидан ба кори ташкилотҳои ҳизбии вилоят бо дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ гурӯҳи корӣ дар ҳайати роҳбар ва кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонов Абдураҳмон, Наимов Маҳмадулло, Илҳомҷон Ҳамидов ва кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу, вилояти Суғд Саидов Фирдавс ва шаҳри Душанбе Муродов Ҷурабек аз 15-ум то 19-уми октябри соли равон ба вилояти Бадахшон сафарбар гардиданд.

Зимни сафари корӣ масъулин бо ҷалби роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ курси омӯзишӣ ташкил карда, ҳамзамон дар қисмҳои ҳарбӣ бо сарбозон ва дар деҳаву маҳаллаҳо бо сокинон вохӯриву суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбату мулоқот бо мардум аён гардид, ки сокинони Бадахшон, аз ҷумла шаҳрвандони шаҳри Хоруғ пайваста шукри суботу оромӣ намуда,  сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда истодаанд. Ин аст, ки дар заминаи эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Бадахшон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Сокинони меҳмондӯсти шаҳру навоҳии вилоят сайёҳони дохиливу хориҷиро бо чеҳраи гарм истиқбол гирифта, бо рушди корҳои хонагӣ пайваста онҳоро бо пешниҳоди армуғонҳои ҷолибу баёнгари табиати биҳиштосои кишвар хушҳол месозанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg