БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Варзиш-кафолати солимии миллат

ДАНҒАРА. Дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Данғара дар Варзишгоҳи марказӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Мирмуҳаммад хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид. 

Дар вохӯрии мазкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон ва бо ҳамин васила пешгирии онҳо аз гаравидан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  бештар огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари гурӯҳҳои тундрав, ҳифзи  дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, моҳияти арзишҳои миллӣ, риояи қонунҳои миллӣ суханронӣ намуд.

Зимнан зикр гардид, ки рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, ҳамчунин нигоҳдорандаи солимии ҷомеа дониста мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg