
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мактаби санъати бачагона» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок ва суханоронӣ намуданд.
Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Таваккал оид ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳарф зада, қайд намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштани раиси ташкилоти ибтидоии “Мактаби санъати бачагона” Қосимов Шералӣ раиси нави ташкилоти ибтидои ҳизбиро интихоб намоем. Бо дастгирии иштирокдорон раиси ташкилоти ибтидои ҳизбии “Мактаби санъати бачагона” Раҳмонзода Фазлиддин интихоб карда гардид.
Сипас, мавсуф атрофи самтҳои афзалиятноки ҳизби, аз ҷумла ташаккули фарҳанги техникӣ ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо андешаронӣ кард, ҷамъомадагонро барои истифодаи дурусти технологияи муосир, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ раҳнамоӣ намуд.
Инчунин дар идомаи суҳбат Наҷидуллоев Таваккал атрофи озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки барои боз ҳам ободтар шукуфонтар шудани Ватани маҳбубамон Тоҷикистон азиз даъват кард.