
ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда вохӯрӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Самартранс -18» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алиҷон роҷеъ ба нуктаҳои асосии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аҳамияти барқарор гаштани муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ҳамҷавор-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳои муҳими имрӯза муфассал сухан ронданд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хизматрасонии хуб ба мусофирон ва риояи қавоиди буду боши нақлиёти мусофиркашонӣ дар нуқтаҳои ба ин мақсад муайяншуда, изҳори ақида карда шуд.
Инчунин, масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, ҳамагонро бакорҳои ободониву созандагӣ даъват намуданд.