ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳалли пурраи худро ёфта истодааст .
Чанде қабл бо усули ҳашари дастаҷамъона ва якҷоя ҳаллу фасл намудани мушкилот дар деҳаи Маъмурдашти ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев бо дастгирии сокинони деҳа кори хайру савоб ба ҷо оварда шуд.
Дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати номбурда низ нақшаи сохтмон ва бунёди як қатор иншоотҳои иҷтимоию хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст . Аз ҷумла яке аз чунин иншоотҳо таъмини аҳолии деҳаи Маъмурдашт бо оби нӯшокӣ ба шумор мерафт .
Бо мақсади ҳалли ин мушкилот бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳамкорӣ бо вакилони ҷамоат, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин дигар шахсони имкониятдошта ва сокинони деҳаҳои гирду атроф дар доираи Аксияи мазкур ба муддати якчанд рӯз ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд.
Ҳашарчиён хатти оби нӯшокӣ кашида, корҳои ободонию тозагиро ба анҷом расониданд. Дар ин кори хайру савоб хусусан ронандагони воситаҳои техникӣ трактору мошинҳо саҳми арзанда гузоштанд.
Дар рӯзи охири ҳашари дастаҷамъона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи “Маъмурдашт” Абдуназаров Завқибек ва дигар шахсони давъатӣ иштирок карда, ба иштирокдорони ҳашари умумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.