Н.ХУСРАВ. Бо мақсади иҷрои нақша -чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар деҳаи Муродтеппаи ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳия бо сокинони маҳал вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Сураё Алиева, муовини раиси кумитаи иҷроия Раҳмон Муродов ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан дар қисмати сиёсии вохӯрӣ Сураё Алиева дар назди ҷамъомадагон оид ба сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, иштирокдоронро сазовор ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, ба ҷавонон омӯзонидани касбу ҳунарҳои мардумӣ раҳнамоӣ намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки бо нақшу нигорҳои гуногун, бо тарзу услуби замонавӣ ба ҳусни намоишгоҳ ҳусни хоса зам менамуд дидан карда, беҳтарин тарроҳону чеварони гулдастро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват кард.
Инчунин, дигар баромадкунандагон низ доир ба масъалаҳои мубрами рӯз фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, аз сокинон барои мусоидат намудан дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирӣ аз шомилшавӣ баҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ даъват ба амал оварданд.