БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – бунёдгари ормонҳои чандинҳазорсолаи миллат аст!

ҚУБОДИЁН. Дар  деҳаи Қиёти ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб  оид   ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ маънидод карда мешавад, вохӯрӣ баргузор гардид.

Шарифзода Маҳмадаюб  вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан намуда, даъват бар он кард, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлатамон ҳар яки фарди ҷомеа дар ободониву пешравиҳо саҳмгузор бошад.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат М.Табаров  дар ин вохӯрии судман иштирок дошта, оид ба  Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳадафҳои барномавии ҲХДТ суханронӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg