БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шараф аст

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар неругоҳи обии барқии шаҳр хониши сиёсӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант баргузор гардид.

Назарова Фароғат муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ба сухан баромада иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикиӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки зимни баёни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ аввалин бор аст, ки маҳдудияти барқ пурра бардошта шуд ва мо ба Истиқлолияти комили энергетикӣ хеле наздик шудем.

Ин дастоварду комёбии бузург боиси шукргузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати саросарӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки самаранок истифода бурдани нерўи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерўи барқ дар нисбат ба дигар кишварҳо ба маротиб арзон аст. Пас агар муқоиса кунем, аз ҳама барқи арзон дорем ва мебояд ба қадри он бирасем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg