БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо ҷавонон ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бебунёди гурӯҳҳои ифротӣ намешавем!

КӮЛОБ. Мувофиқи ҷадвали суҳбату вохӯриҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи санъат” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимни чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва мудири шуъбаи кор ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Файзуллоев Алишер иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки дар айни ҳол ҳадафҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конистутсионии шаҳрвандон, инкишофи сулҳ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, роҳандозии муносибатҳои дӯстона ва хайрхоҳона бо ҳамаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳони мебошад. Мутаасифона, ташкилотҳои террористию экстремистие ҳастанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ваҳдату суботи моро халалдор намоянд. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо тариқи расонаҳои хабарӣ, яъне бо усули муборизаи иттилоотӣ хоинони давлату миллат аз дур истодаву санги маломат ба тарафи давлатдории миллии мо мепартоянд.

Аз ин рӯ дар чунин шароит барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ваҳдату субот дар ҷомеа моро беш аз пеш зарур аст, ки атрофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат зичтар муттаҳид гардида, ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем ва бо нишон додани амалҳои созанда дилу дидаи ҷаҳониёнро тасхир созем.

Дар охир ба аъзои нави ҲХДТ, ки аксариятро ҷавонон ташкил медод, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ ба онҳо тақдим гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg