БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ шаҳодат аз рӯзгори хуррами мост!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи ба номи Абдувадуд Дӯстови ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши ҳунарҳои марумӣ баргузор гардид, ки зимни баргузории он корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон  иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар рафти чорабинӣ Содиқова Меҳрубон қайд кард, ки албатта, ҳунарҳои мардумии тоҷик хеле зиёд ва ҳар яки онҳо бозгӯкунандаи рӯзгори хуррами тоҷиконанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки онҳоро боз ҳам беҳтару бештар омӯзем, кӯшиш намоем бо шаклҳои гуногун ташвиқ созем.

Дар ин замина, ташаббуси муҳими Пешвои миллат аз як тараф иқдоми наве барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рӯзгори моддии мардум ва сайёҳӣ дар дохили кишвар ба ҳисоб равад, аз ҷониби дигар барои ба ҷаҳониён бештар шиносонидани фарҳанги бою ғании тоҷикон мебошад.

Ҳамзамон, дар охир сокинон ба иштирокчиёни чорабинӣ бобати самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg