
КӮЛОБ. Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳо ба таври мунтазам намоиши ҳунарҳои мардумӣ багрузор гардида истодааст.
Ин навбат дар маҳаллаи Чапаеви шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва баромад намуданд.
Зимни баромад кормандони масъули ҳизбӣ изҳор карданд, ки бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорону ҳунармандон ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ шурӯъ аз моҳи январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд, ки ин ташаббуси наҷиб, бешак ба кам гардидани арзиши аслии маҳсулот ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолу содироти он мусоидат хоҳад кард.
Дар ин росто занони ҳунармандро зарур аст, ки хусусан, духтарони худро аз ҳунарҳои аҷдодии хеш огоҳ созанд ва ба онҳо ҳунарҳои хонагиро омӯзонанд.