
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҷамоати шаҳраки Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Тоирзода Суҳроб иштирок намуда, оид ба масъалаҳои солимии ҷомеа, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО ва БПНМ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба азхудкунии донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои гуногун, созандагиву ободкорӣ дар маҳал суханронӣ намуда, иброз дошт, ки шароити имрӯзаи Тоҷикистони азиз барои ҳар яки мо имконият медиҳад, ки ба ҳар кори неке кӯшиш намоем, ҳатман ба он муваффақ мегардем. Чунин фазои амну осуда боиси шукргузорӣ ва қадр намудани ҳамешагии мову шумост.
Дар заминаи тақвиятбахшӣ ба нерӯи зеҳнии ҷавонон, роҳбарияти олии кишвар мутахассисони замони нав ва дар бозори озоди меҳнат рақобатпазирро интизоранд.