
ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизӣ Сабоҳат Тағойалӣ ва раиси деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии деҳа Маҳмалиев Абдусаид атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, либоси миллӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан Азизӣ Сабоҳат Тағойалӣ дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ибрози андеша карда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истемолӣ аз молу маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагидорию соҳибкорӣ даъват намуд.