БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи Аксияи ҳизбӣ натиҷаҳои дилхоҳ дар ҳаёти сокинон меорад

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии  навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Давлатҷон Ғаффорзода бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ Давлатҷон  Ғаффорзода дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, эълон гардидани  соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ВМКБ ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон андешаронӣ кард.

Инчунин, мавсуф дар идома  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро мавриди баррасӣ қкарор дода,  ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва роҳандозии  Аксияи мазкур дар обод кардани маҳали зист,  таъмиру тармими  пулу роҳҳо, тоза кардани оромгоҳҳо, дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони ниёзманду муҳтоҷ, ятимону барҷомондагон ва маъюбон даъват намуд.

Дар охир  Давлатҷон  Ғаффорзода китоби “Каъбаи умеди мо халқ асту бас”, Оинномаи ҲХДТ  ва Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 16 феврали соли 2018”-ро дастраси ҳамагон кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg