БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Забони миллат -ҳастии миллат!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Забони миллат – ҳастии миллат!” бахшида ба 5-уми октиябр “Рӯзи Забони тоҷикӣ” доир гардид.

Дар чорабинии мазкур олимону муҳаққиқон ва забоншиносон аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд. 

Дар кори чорабинӣ олимону муҳаққиқон оид ба мақом ва манзалати заботи тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ маърӯзаҳои илмии пурмуҳтаво намуданд.

Ҳамзамон, бахшида ба ин санаи муҳим дар ҷамъбасти чорабинӣ ба як қатор фаъолон аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ – ҳамчун ҳизби пирӯз ва пешсафи ҷомеа бо Ифтихономаҳо сарфароз гардонида шуданд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg