БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарманд ҳама ҷо арҷманд аст!

ҲАМАДОНӢ.  Дар деҳаи Зафарободи  ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ бахшида ба  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Меҳмонон аз ҳунарҳои мардумии сокинони деҳа, ки  ба  рангу шаклҳои гуногуни ҳунармандӣ ба намоиш гузошта буданд,  дидан намуда,  ба онҳо барои боз ҳам ривоҷӯ равнақ додан  соҳа  тависяҳои судманд доданд.  

Баъдан Давлатҷон Ғаффорзода бо ҷамъомадагон дар бораи риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл ва аз ин ҳисоб паст кардани  сатҳи камбизоатӣ дар маҳал  суҳбат намуд.

Дар охир  суханрониҳои судманди ҳизбиёнро сокинони маҳал  ҳамаҷониба дастгирӣ карда, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки дар  густариш бахшидани  анъанаҳои неки ниёгон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои мардумӣ ба насли наврасу ҷавонон саҳм хоҳанд гузошт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg