БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиён ба масхарабозони кӯчагӣ табдил ёфтаанд!

ВОКУНИШ. Сенарияи намоиши паймонбандӣ, лухтакҳои нақшбози театри наҳзат, хоҷагони тамошобин, қарсакзаниҳои кур-курона ва саҳнаи кӯчагие, ки ташкилкунандагонаш ҳамаи инро ба таври худ “сиёсат” меноманд...

Наҳзатиён имрӯз ба як масхарабозони кӯчагӣ табдил ёфтаанд. Роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хориҷа тамоми ҳунарҳои аз хоҷагони хориҷиаш омӯхтаро бо ҳар роҳу услуб ҷиҳати иваз намудани афкори ҷомеа ва мардуми кишвар нисбат ба сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон истифода мебарад.

Айни замон Муҳидин Кабирӣ ҳангоми муҳосибаҳо кӯшиш менамояд, ки худро ғамхори ҷомеаи кишвар нишон дода, бештар роҷеъ ба мушкилоти иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кунад ва онҳоро аз буданаш бузургтар ҷилва диҳад. Наҳзатиён афроди ифротии хиёнатпеша ва риёкореанд, ки барои бароварда кардани манфиатҳои шахсиву гурӯҳии худ бо душманони миллат ва давлати тозаистиқлоли тоҷик ҳамкорӣ мекунад. Агар ба фаъолияти сиёсии Кабирӣ назар афканем, ба осонӣ пай мебарем, ки яке аз ҳадафҳои аслии ӯ аслан нифоқ андохтан байни мусулсонони кишвари мо ва дар заминаи он бунёд намудани давлати исломии шабеҳ ба низоми сиёсии яке аз кишварҳои шиагарои минтақа аст.

Наҳзатиён бо мабалғгузориҳои хоҷагони хориҷиаш дорои иншоотҳои зиёд ва амволи манқулу ғайриманқулро аз худ карда, аз ҳисоби даромади чунин иншоотҳо сармояи худро зиёд карда, заминаи иқтисодӣ ва молиявии тавтеаҳои сиёсии банақшагирифтаи хоҷагонашонро ва омода мекарданд. Минбаъд аз ҳамин манбаъҳои моддӣ М.Кабирӣ ҳодисаҳои 4-уми сентябри соли 2015-ро, ки таҳти сарварии Назарзода А. сурат гирифта буд, қаблан маблағгузорӣ намуда буд.

Бо назардошти ин тавтеа суоле ба миён меояд, ки агар ҳадафи роҳбари ҳизби наҳзат М.Кабирӣ, ки мудом худро «секулор» метарошад, хайр мебуд чаро мавҷудияти давлатдории миллии моро, ки он бузургтарин дастоварди миллат дар тӯли ҳазор соли охир аст зери хатар гузошт. Акнун М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хориҷи кишвар қарор доранд, онҳо ба хотири ба даст овардани маблағҳои муфт бо дасисакориву фитнаагезӣ ва саҳначасозиҳои кӯчагӣ машғуланд.

Талошҳои бесамари Кабирӣ ва хидматгоронаш на факат дар сатҳи байналмилалӣ, балки дар дохили кишвар низ наметавонанд фазои орому озод ва афкори ҷомеаи моро тағйир дихад. Мардум афкори худро нисбат ба ин хоини миллат дар ВАО озодона баён мекунанд. Ҳокимияти кунунии кишварро садоқатмандона ҷонибдорӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба ҳангомаҷӯёни манфиатҷӯ фурсат намедиҳанд, ки дигарбора вазъияти сиёсии кишварро бо чангу ғубори ҷанги шаҳрвандӣ олуда кунанд.

Манзар КАРИМОВ -вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg