БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Иртиботро бо маҳал дар ростои Соли тақвияти робита бо маҳал густариш хоҳем бахшид!

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Умари Хаём чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияи ҲХДТ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода ва сокинони маҳаллаи болозикр доир гардид.

Дар чорабинии мазкурр кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва Фарҳод Обидзода бо дидани намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳунармандони маҳалла барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таҳсину офарин хонд.

Дар рафти чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва  Фарҳод Обидзода вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва нақши он дар пойдории давлат муфассал суханронӣ намуданд.

Ҳунармандони маҳаллаи Умари Хаёмро месазад, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулоти кишоварзиро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар истеҳсол намуда, саҳмдори рушди ҳунарҳои мардумӣ гарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg