БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмати Ватан-Модар қарзи фарзандии ҷавонмардон аст

ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ ба бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор гардид.

Меҳмонон аз ҳунарҳои мардумии сокинони деҳа дидан намуда,  

Давлатҷон Ғаффорзода бо ҷамъомадагон дар бораи риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  оид ба фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл суҳбат намуда, дар ин раванд ҷавонони синни даъватии тирамоҳиро  барои хизмат  дар сафҳои Артиши миллӣ ҳамчун мактабу ҷасорату мардонагӣ, ки барои ҳар як ҷавонмарди тоҷик  қарзи фарзандӣ аст, даъват намуд.

Дар охири чорабинӣ  ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия хотири ҷамъоадагонро бо сурудҳои дилнишин шод гардониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg