БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба муассисони бо ном паймони миллии Тоҷикистон: саҳнаи сохтаатон ҳаҷвиву хандадор буд!

ЭЪТИРОЗ. Мо донишҷӯён, ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ суханҳои бемантиқу бепояи нерӯҳои ҷиноятпеша, ки аз тарси дар пеши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб гуфтану гирифтори ҷазо гаштан, ба хориҷи кишвар гурехтаанд, дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ мутолиа намуда, байни худ мавриди муҳокима қарор додем. Мо ба чунин қарор омадем, ки ба иқдоми бехирадона ва қассосҷӯёнаи ба ном озодандешон вокуниши шадид нишон дода, симои асосии онҳоро намоён созем. Матни Эъломияи подарҳавои он нерӯҳои ҷиноятпеша, ки худро баррачаи бегуноҳ ва хору залил вонамуда, мехоҳанд аз системаи демократии аврупоӣ сӯистифода намоянд ва дар зери чатри давлатҳои демократии Аврупо, дар кишвари мо амалҳои террористӣ ва экстремистии худро густариш диҳанд, саросар аз воқеъият ва самимият дур буда, таҳқир ба системаи давлатдории дунявӣ мебошад. Мо дар ин вокуниши худ мехоҳем аз зовияи биниши шаҳрвандони дар фазои оромиву осудагӣ ба таҳсилу кори таълиму тарбияи насли ҷавон машғул, иддаоҳои бепояи ин гурӯҳакҳои ҷиноии шикастхӯрдаро шарҳи воқеӣ бидиҳем.

Дар навбати аввал бояд гуфт, ки агар дар овоздиҳии умумихалқӣ ба интихоботи вакилони парлумони Тоҷикистон ҲНИТ чанд овозеро соҳиб шуда бошанд, дар интихоботи охири Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби камтарин овоз шуда, намояндагонаш ба парлумон роҳ наёфтанд. Яъне, дар муборизаи сиёсӣ шикасти сахт хӯрданд. Овоз надодани аҳолӣ ба аъзои ин ҳизб аз он сабаб буд, ки бидуни мудохилаи кадом ҳизби исломӣ ва ё нерӯҳои дигар, дар кишвари рӯ ба инкишофи иҷтимоии Тоҷикистон 4998 адад масҷидҳо дар фаъолият мебошанд, ҳар сол 8000 нафар шаҳрвандони кишвар барои адои сафари ҳаҷ ба Макка сафар мекунанд, мусалмонони кишвар, чӣ аҳли тасаннун ва чӣ аҳли ташайюъ, аз ҷумла исмоилиён ва насрониҳову яҳудиҳо масҷиду калисову куништи худро доранд. Давлат ба онҳое, ки лаб ба таҳқири парасторони динҳои дигар мекушоянд, вокуниши қатъӣ нишон медиҳад. Ва монанди ҳамин ҳама диндорони динҳои дар мамлакат вуҷуддошта аз ҳуқуқҳои баробар бархурдор мебошанд. Ҳамин буд, ки шумораи камтарини электорати тоҷик ба наҳзатиҳо овоз дода буданд. Мардум дарк карда буд, ки барои бароварда сохтани эътиқодоти динии худ, мардум ба кадом ҳизбу ҳаракате комилан ниёз надорад.

Чунон ки иттилоъ дорем, ҳомиёни маблағгузори ин ҳизб (бештар аз гурӯҳҳои экстремистиву террористии дар кишвари Эрон паноҳёфта), ки сарварону фаъолонашро маоши хубе медоданд ва онҳо аз пули ҳомиёни худ соҳиби хонаву мошинҳои гаронарзиш ва мағозаву корхонаҳои шахсӣ гашта буданд, натиҷаи фаъолияти ҲНИТ-ро талаб мекарданд. Яъне, дар Тоҷикистон кадом корҳоро анҷом додаанд, ба давлате, ки сохтораш исломӣ нест чӣ осебҳо расондаанд, шумораи аъзояшро ба чанд дарсад афзудаанд ва монанди инҳо. Аммо бинобар ин ки наҳзатиҳоро дигар аз дасташон кадом коре намеомад, даст ба силоҳ бурда, аз тариқи аъзои дар қушунҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирифта, хостанд ба сарнагунсозии ҳукумати қонунӣ бипардозанд. Аммо дере нагузашта низомиёни хиёнаткори ойинномаи афсарӣ, саркӯб ва дастгир шуда, дар ҷараёни пурсиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хиёнатҳои худ иқрор шуданд ва гузашта аз ин нақши раҳнамоӣ ва маблағгузории Муҳиддин Кабирӣ, раиси он ҳизби террористиро як-як баён намуданд. Кабирӣ чун пай бурд, ки ҳама ҳаракатҳои ҷиноякоронааш рӯи об мебарояд, ба хориҷи кишвар гурехта, барномаеро тарҳрезӣ намудааст, то ки ҳуши нерӯҳои иртиҷоии ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда, роҳҳои ривоҷ додани терроризми исломиро дар Тоҷикистон пайдо кунад.

Акнун чанд сухан дар бораи суханронии Кабирӣ дар Варшава ва матни эъломияи казоии Паймони хасакии онҳо гуфтан ба маврид аст. Бояд гуфт, ки Муҳиддин Кабирӣ дар гузориши ироанамудааш худро як назариётчӣ-теоретики давлатсозиву истиқлолхоҳӣ нишон доданӣ шуда, босмачиёни роҳзанро "шахсиятҳои муборизи миллӣ-мазҳабӣ" номидааст. Яъне, Кабирӣ муътақид аст, ки босмачиёни солҳои 20-уми асри гузашта, аз ҷумла Кӯри Шермат, Иброҳимбек, Кӯри Ортиқ ва дигар роҳзанони дар қамишзорҳо пинҳон ва бар сари мардумони кӯҳистон ҳамлавар "шахсиятҳои муборизи миллӣ-мазҳабӣ" будаанд. Дуруст ҳам ҳаст, албатта аз дидгоҳи роҳбари ҳизбе, ки ҳадафи асосиаш терроризм буда, ҳамсафонаш Раҳмон Гитлер, Мирзо Ҷага ва дигар каллабурон буданд.

Кабирӣ истиқлолияти ба даст овардаи Тоҷикистонро дар соли 1991 хизмати ҲНИТ мешуморад ва гӯё ба ҷуз наҳзатиҳо дигарон зидди истиқлоли мамлакат буданд. Ӯ аз хиёнати ниҳоят бузурги ин ҳизб дам намезанад. Намехоҳад ба ёд оварад, ки соли 1992 силоҳи оташфишонро ба дасти майдоннишинон кӣ дода буд ва чӣ гуна аввалин шуда ба кушторҳои одамон, гаравгонгирии вакилони мардумӣ ва дигар иқдомҳои террористиву экстремистӣ шурӯъ карда буданд. Муҳиддин Кабирӣ дар маърӯзаи дар Варшава изҳор намудааш вокуниши тарафдорони ҳукумати қонунии Тоҷикистонро дар он солҳо ҳамчун ҳаракати барқарорсозандагони давлати Иттиҳоди Шӯравӣ маънидод кардааст. Ӯ то ҳанӯз ҳам дарк накардааст, ки аксарияти кулли мардумони Тоҷикистон қатъиян зидди бунёди давлати диниву мазҳабӣ мебошанд. Ин мардуми озодихоҳ тарс аз он доштанд, ки нерӯҳои дингаро Тоҷикистонро мисли Эрон, Афғонистону Покистон месозанд - сарзамини ришакиҳо ва чодарисияҳпӯшон. Сарзамини ихтиноқовар ва гулӯгири суханронии озод, маҳдудсозии хурдтарин амали озодихоҳӣ. Онҳо безор аз истиқлолхоҳони ифротгарои динӣ буданд, ки пас аз ғалабаашон ба қатли ом мепардохтанд. Ҳамон тавре, ки беҳтарин андешамандони Эрон дар Аврупову Амрико ва Австрвалия гуреза шуда, дар ғурбат шеъру таронасароӣ мекунанд, зеро дар ватанашон таронасароӣ, рақсу хурсандӣ мамнӯъ аст - ҳама азодорони Ҳусейни 1400 сол пеш ба қатл расида мебошанд. Кабирӣ мегӯяд, ки "бидуни ҳамкории васеи ҳама нерӯҳо ва шахсиятҳои миллӣ, мо наметавонем на инсони мустақил тарбият намоем ва на истиқлолияти давлатиамонро аз осебҳо ҳимоят намоем." Киҳо бошанд он нерӯҳои миллии дар назар доштаи шумо? Магар ҳамонҳое нестанд, ки камарбанди интиҳорӣ баста, худро дар миёни анбӯҳи занону кӯдакон ва дигар бегуноҳон дар Аврупову Осиё метарконанд? Ҳамон нерӯе нест, ки як сайёҳи камбағали дучархасавори бошандаи Амрико, Шветсария ва Олмонро бо автомашина зер карда, ҷисми хуншорашро бо табар қисмат кунад. Ҳамон нерӯе нест, ки беҳтарин андешаҳои миллӣ - табибони дар ҷаҳон машҳур, академикҳо Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқӣ, Муҳаммад Осимии сарсупурдаи миллат, Муҳиддин Олимпури ошиқи ҳунари тоҷикону эронитаборон ва даҳҳо сиёсатмадорону донишмандони дигарро ноҷавонмардона ба қатл расондаанд?! Шумо гуфтаед, ки "Таъсиси Паймони миллиро дар чунин рӯз мо ҳамчун фоли нек медонем." Фоли некатон ҳамон нест, ки аз бахилӣ наметавонед бо чашми як тоҷики асил ба дастовардҳои бузурги Ватани мо (на Ватани шумо беватанон) нек бингаред.

Дар рӯзҳои бузургдошти 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар даҳҳо биноҳои таълимӣ, фарҳангӣ, кӯдакистонҳо, боғҳои сайругашти мардум, роҳҳову кӯчаҳои мумфарш ба истифода дода шуданд, мамлакат барои кушодашавии чархи нахустини нерӯгоҳи барқи обии Роғун омода мешаванд. Ҳама дар пайи иҷрои дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари деҳоти кишвар сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, ҳаммом, кӯчаҳои мумфарш ва бунёди дигар иншооти мавриди ниёзи мардум камари ҳиммат бастаанд, аммо ин бадгуҳарон роҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, то ба осудагии мардум халал ворид кунанд.

Мехоҳанд, тоҷикон боз ҳам иштибоҳҳои таърихи давлатдории худро такрор намуда, дар сафи вопасмондагони ҷаҳон қарор гиранд. Аммо ин бехабарони сияҳкор, ки кирмҳои бухлу бадкирдорӣ, мағзи сарҳояшонро мехӯранд, ҳаргиз ба ҳадафҳои нопокашон нахоҳанд расид. Мо Ватанамонро аз нав обод месозем ва худро хушбахт меҳисобем. Инро метавон дар чеҳраҳои кӯдакони либосҳои сафеди оҳарӣ бар тан ва равон ба сӯйи бинои мактаби қасрмонанд дид. Инро метавон дар рақсу таронасароиҳои духтарони ба бар пироҳанҳои чакану атлас мушоҳида кард. Инро метавон дар варзишгоҳҳои пур аз тамошобин, дар сайругашти ҷуфтҳои ҷавон ва падару модарони бо кӯдакони хушбахти худ дар тамошои чаманистону гулистонҳои пойтахт ва маркази ноҳияҳо дид.

Истиқлоли мо, сарбаландии мо бебаргашт аст! Дастони хунолуди онҳое, ки бар зидди озодиву истиқлоли мо дароз мешавад, ҳатман қатъ хоҳад шуд!

 

Донишҷӯён, ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg