БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар меҳвари вохӯриҳо

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Зарбӯзи ҷамоати деҳоти Лангардара атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  доир  гардид.

Вохӯриро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдуҷабор кушода, мақсади баргузории вохӯриро ба ҳамагон фаҳмонид.

Баъдан  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли  тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, амалҳои террористиву экстремистии ТТЭ ҲНИ суханронӣ  намуд.

Инчунин, дар ин раванд мавсуф доир ба роҳандозии озунҳои ҳизбӣ, Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳарф зада, иштирокдоронро барои амалигардонии  ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва бо дастовардҳои назррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даъват кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg