БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қисмати тарғиботии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар маҳал

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизӣ Сабоҳат  ва дигар шахсони даъватӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи «Табаров Қурбон» бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал  вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан вохӯриро Азизӣ Сабоҳат ҳусни оғоз бахшида, мақсади баргузории вохӯриро ба ҳамагон фаҳмонид.Мавсуф  дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ибрози андеша намуд.

Дар ин росто Азизӣ Сабоҳат  дар бораи роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти робита бо маҳал  бахшида шудааст, андешаронӣ карда, аз фаъолон, шахсони хайрхоҳу саховатманди деҳа барои  аз байн бурдани мушкилоти ҷойдоштаи  сокинон  дар маҳали зист даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg