БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ вазифаи ҷонии мо ҷавонон аст

ТЕМУРМАЛИК. Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик мавқеи махсус дошта, барои дар амал татбиқ намудани он пайваста нақшаю чорабиниҳо амалӣ гардонда мешаванд.

Аз ҷумла тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту хонишҳои сиёсӣ вохӯрии  навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Ҷаҳонгир    бо ҷавононе, ки дар курси ронандагии «ДОСААФ» таҳсили илм доранд, баргузор гардид.

Қайд кардан зарур аст, ки муофиқи аҳди дуҷониба ҳамаи курсантҳо баъди хатми омӯзиш ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ сафарбар мегарданд. Зимни вохӯрӣ бо аскарони оянда  нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид дар  мавзӯъи   самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дар масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, инчунин шараф будани хизмат ба Ватан  суханронӣ кард. 

Сипас, таълимгирандагони курси ронандагӣ тариқи саволу ҷавоб омодабошии худро ба хизмати Ватан-Модар собит сохтанд.

Дар охир Раҷабзода Маҳмадсаид ба наваскарони оянда, ки чанде баъд соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуда, ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мегарданд, таманниёти нек орзу кард.

                                                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg