БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Сангдараи поёни ҷамоати деҳоти ба номи  Ш.Шоҳини ноҳияи Муъминобод бо сокинони деҳа тибқи ҷадвали баргузории вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова  ва намояндаи  ҷамоати деҳоти мазкур Талабов Қудратулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Гулсунбӣ Раҷабова доир самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва сафарбар кардани онҳо ба сафҳои Артиши миллӣ дар даъвати тирамоҳӣ, ба дарки ҷавонон расонидаи моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот, амнияти кишвар мавриди баррасӣ қарор дода, ки бештари ҷамъомадагони вохӯриро  падару модарон ташкил медоданд

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg