БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби анъанаҳои неки мардумӣ бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа

ҚУБОДИЁН. Эҳёи анъанаҳои неки миллӣ ба ҳамзистиву ҳамсоядорӣ, дасти ёрӣ дароз намудан ба ҳамдигар дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ, бартараф намудани нофаҳмӣ ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон, пешгирии насли наврас ва ҷавонон  аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву                                                                                          амалҳои номатлуб оварда мерасонад.

Бо ин мақсад дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Юлдузқоқи ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин ва васеъи занон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар он занони ҳунарманди деҳаи Юлдузқоқ ҳунарҳои худро, аз қабили қуроқдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, намудҳои гилембофиву сӯзанидӯзиро ба маърази тамошои иштирокчиён гузошта, барои ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши ин намуди ҳунар андешаҳои  худро баён намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg